Тоҷикӣ  | Русский 

  • 19:31 – Ҷанҷоли падари Ҳувайдо бо Сёмин дар мурофиаи додгоҳ: аҳволат бадтар мешавад 
  • 15:21 – Ҳамаи бозиҳои футболбозони ҷавони тоҷик дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 

Кумаки ИМА дар тафтиши ҳамла ба сайёҳон. Эрон даст доштанашро рад мекунад

Роҳбари дафтари матбуоти Департаменти давлатии ИМА Хезер Науэрт итминон дод, ки Кохи сафед дар тафтиши ҳолатҳои ҳамла ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад. “Ҳукумати ИМА ба ҳуқумати Тоҷикистон, ки тафтишот зери назораташ аст, дар ин кор кумаку мусоидат менамояд”, - изҳор доштааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намудааст, ки Вашингтон алҳол тасдиқ карда наметавонад, ки масъулияти ин ҳамла дарвоқеъ ҳам ба дӯши гурӯҳи террористии Давлати исломӣ аст. “Айни замон мо тасдиқ карда наметавонем, ки кӣ барои ин ҳамла масъул аст”, - қайд кардааст Науэрт. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳам дар тафтиши ҳодиса бо Департаменти давлатӣ ҳамкорӣ доранд. Науэрт ҳамчунин гуфтааст, Вазорати корҳои хориҷии ИМА алҳол ба шаҳрвандонаш тавсия надодааст, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, Эрон, ки ВКД Тоҷикистон дар бораи даст доштанаш дар ин ҳодиса изҳори назар карда буд, ин гуфтаҳоро рад намуда, ҳодисаро қотеъона маҳкум менамояд. Дар ин бора рӯзи сешанбе намоянаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад агентии Tasnim. “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳама гуна ҳолати даст доштан ба ин ҳодиса ва мавҷудияти пойгоҳҳои таълимии низомии тахрибиро дар қаламрави худ қотеъона рад мекунад. Мо қотеъона ҳодисаи рухдодаро маҳкум намуда, ба мусоидат ба ҷониби Тоҷикистон дар тафтиши ҳодиса омодаем”, - гуфтааст ӯ. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
ИА "Азия Плюс"