Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Кобули расмӣ Толибонро ба оташбаси семоҳа даъват кард

Вашингтон аз тасмими Кобул барои эъломи оташбаси муваққат бо гурӯҳи даҳшатафкани Толибон бахшида ба Иди Қурбон ҷонибдорӣ кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба изҳороти котиби давлатии ИМА Майк Помпео, Амрико аз эълони оташбас истиқбол мекунад, зеро он мутобиқ ба дархости мардуми Афғонистон барои сулҳ аст. Помпео аз Толибон ҳам хост, ки ба ин оташбас бипайванданд. Котиби давлатии ИМА изҳор доштааст, ки кишвараш ҳамчунин аз пешниҳоди президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо Толибон ҷонибдорӣ карда, омодааст, дар ин раванд кумак кунад. Пештар Ашраф Ғанӣ аз эълони оташбаси семоҳа бо Толибон хабар дода, аз ҳаракат хост, онҳо ҳам бипайванданд. "Агар Толибон розигии худро баён кунад, мо оташбасеро эълон мекунем, ки аз фардо, рӯзи душанбе шуруъ шуда, то рӯзи мавлуди паёмбар (20 ноябр) давом хоҳад кард", - навишт президенти Афғонистон дар Твиттер. Ӯ дар навиштаи дувумаш раҳбарони Толибонро ба гуфтугӯ даъват кард. "Аз онҳо даъват мекунем, ба гуфтугӯе омодагӣ бигиранд, ки дар асоси усул ва арзишҳои исломи суннатӣ сурат хоҳад гирифт", - афзуд Ғанӣ. Гуфта мешавад, пештар низ ҷонибҳо бахшида ба охири моҳи Рамазон ва Иди фитр оташбас эълом карда буданд. Коршиноси тоҷик масоили муосири Афғонистон Қосим Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки посухи Толибон ба ин даъват якгуна нахоҳад буд, зеро имрӯз Толибон нерӯи ягона набуда, онҳоро қувваҳои гуногун аз хориҷи кишвар идора мекунанд. «Аз ин рӯ, гурӯҳҳои нисбатан заифтари Толибон даъвати Кобули расмиро барои оташбас қабул карда метавонанд, лекин гурӯҳҳои пурқуввати ҳаракат, ки маҳаллаҳои бузурги аҳолинишин зери тасарруфашон аст, инро намепазиранд», - гуфт ӯ. Тарҷумаҳо:
Кобули расмӣ Толибонро ба оташбаси семоҳа даъват кард
Руcский
ИА "Азия Плюс"