Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Ташрифи беш аз 350 нафар ходимони фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон

Рӯзҳои 14-15 октябри соли 2018 дар шаҳрҳои Душанбе ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар ва шинос намудани мардуми тоҷик бо санъат ва фарҳанги халқи туркман гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳо, ки беш аз 350 нафар мебошанд, рӯзи 14 октябр ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Субҳи 15 октябр соати 09:30 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии Рӯзҳо бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, инчунин рӯнамоии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов «Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим» дар назар аст. Соати 14:00 он рӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши драмаи «Гулпам»-и Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи С. Сейдии вилояти Лебап дар театри шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Рӯзи 15 октябр соли 2018 соати 17:00 дар Кохи Борбад намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Туркманистон ва барномаи консертии устодони санъати ин кишвар бахшида ба ифтитоҳи Рӯзҳо баргузор мегардад. Инчунин субҳи 15 октябр як қисми ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сафар мекунанд. Дар ноҳияи Дӯстӣ муаррифии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов «Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим» ва баргузории барномаи консертии аҳли ҳунари туркман дар назар аст. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед. Тарҷумаҳо:
Ташрифи беш аз 350 нафар ходимони фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон
Руcский
ИА "Азия Плюс"