Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Прокурори генералии Тоҷикистон дар Вашингтон бо директори Бюрои федералии тафтишоти ИМА (ФБР) мулоқот намуд


Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 6 ноябр дар Вашингтон бо  директори Бюрои федералии тафтишоти (ФБР) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Рэй мулоқот  анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Дар мулоқот  роҳбари  ФБР ба Прокурори генералии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар баррасии   амали террористӣ – куштори  сайёҳон дар ноҳияи Данғара изҳори сипос  намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни  Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва ФБР, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд.

Юсуф Раҳмон ва Кристофер Рэй изҳор доштанд, ки ба густариши ҳамкориҳо омодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли равон  дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд ҷинояткор ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 нафар сайёҳон кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Бюрои федералии тафтишот (Federal Bureau of Investigation, FBI, ФБР) идораи давлатӣ дар назди Вазорати адлияи ИМА  ва ба Прокурори генералии ин мамлакат тобеъ  мебошад. Ин идора аз соли 1908 фаъолият мекунад.