Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Ҳамоиш ба ҷонибдорӣ аз Вишинский дар Маскав зери шиори ҳақиқат хиёнат нест

а буданд. Хештегҳо бо шиорҳо дар хатти сиёҳ, ки баёнгари адами озодӣ аст, сабт шуда буданд.

Ин як навъ ишора ба тафсири хоси арзишҳои аврупоӣ дар Украина буд, ки рӯзноманигориро барои баёни назарҳои нохушоянд ба ҳукуматдорон, ба хиёнат ба Ватан баробар кардаанд.

Дар идомаи ҳамоиш рахҳои сиёҳ нопадид гардида, акси Кирилл аз сафеду сиёҳ ба ранга мубаддал шуд ва зери кафкӯбии ҷамъомадагон пуфакҳои сафеди сершуморе ба ҳаво сар дода шуданд.

Бо ин амал ҷамъомадагон изҳори боварӣ намуданд, ки рӯзе ҳақиқат пирӯз мегардад ва пуч будани айби эълоншуда алайҳи Вишинский исбот шуда, ӯ озод мегардад.

“Кирилл маҳбуси виҷдон аст, ки барои фаъолиятҳои касбияш дар зиндон қарор дорад. Умедворам фишор болои ҳукуматдорони Киев афзоиш меёбад ва вазъе ба миён меояд, ки дигар нигоҳ доштани дӯсту ҳамкори мо дар боздоштгоҳ ғайриимкон хоҳад шуд”, - изҳор дошт мудири кулли ОИБ “Россия Сегодня”, Дмитрий Киселев.

Ӯ бо зикри зарбулмасали англисӣ, ки сӯрохҳои хурд киштии бузургро ғарқ мекунанд, умед ба дастгирии ҷомеаи байналмилалии рӯзноманигорӣ кард.

“Як ҳамоиш албатта кофӣ нест, чунин ҳамоишҳо садҳо хоҳанд буд”, - изҳор дошт Киселев.

“Ягон сабабе барои нигоҳ доштани Кирилл дар боздоштгоҳ, ҳатто барои як рӯз вуҷуд надорад. Ин 150 рӯзи шармсорист, албатта на барои Порошенко, Аврупо ва Амрико, балки барои ояндаи Украина мебошад”, - қайд кард сармуҳаррири ОИБ “Россия сегодня” ва шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина 15 май ба дафтари хабаргузории РИА Новости ворид шуда, раҳбари он, Вишинскийро боздошт карданд.

Мақомоти Украина Вишинскийро дар хиёнат ба Ватан муттаҳам мекунанд.