Тоҷикӣ  | Русский 

  • 19:31 – Ҷанҷоли падари Ҳувайдо бо Сёмин дар мурофиаи додгоҳ: аҳволат бадтар мешавад 
  • 15:21 – Ҳамаи бозиҳои футболбозони ҷавони тоҷик дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 

Амният ва иқтисод: Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ суҳбат кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмонро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳамкории кишварҳои аъзо дар асоси боварию эътимод ва эътирофи манфиатҳо барои муносибатҳои дарозмуҳлат ба роҳ монда шудааст. “Омилҳои шиддатёбии таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ моро водор месозад, ки дар чаҳорчубаи Созмон таваҷҷуҳи махсусро ба муборизаи муштарак бар зидди се хатар - терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, паҳн кардани идеологияи динии радикалӣ, ҷинояткории кибернетикӣ ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, равона созем”, - гуфт ӯ. Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон омили муҳиму калидии таҳким ва таъмини амнияти умум ва субот дар минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
1/10
Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои равобити иқтисодиро, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Созмон мебошад, махсус таъкид кард Пешниҳод гардид, ки ба рушди минтақавии долонҳо нақлиётиву транзитӣ, ки мамлакатҳои моро мепайвандад, диққати махсус дода шавад. Дар ин замина, пешбурди лоиҳаҳои муштарак оид ба таҷдиди роҳҳои мошингузар ва роҳи оҳан, инчунин ташаккули хатҳои нави нақлиётӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар робита ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика воқеияти афзоиши мунтазами истеъмоли энергия бинобар рушди иқтисодиёти минтақаи СҲШ, инчунин тамоюли афзоиши аҳолӣ дар фазои он, махсус қайд шуд. Дар охири суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон чун яке аз муассисони СҲШ минбаъд низ барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзо ва баланд бардоштани нақши Созмон дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
ИА "Азия Плюс"