Тоҷикӣ  | Русский 

  • 19:31 – Ҷанҷоли падари Ҳувайдо бо Сёмин дар мурофиаи додгоҳ: аҳволат бадтар мешавад 
  • 15:21 – Ҳамаи бозиҳои футболбозони ҷавони тоҷик дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 

Имзои 12 ҳуҷҷат аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарвазирони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ даҳ қарор ва ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрўз дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд. Ҳисоботи Котиботи СҲШ оид ба татбиқи Барномаи бисёрҷонибаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ, дар бораи Ҳисоботи молиявии СҲШ оид ба иҷрои буҷети СҲШ барои соли 2017, оид ба буҷети СҲШ барои соли 2019, оид ба кумаки ихтиёрӣ барои таъмини фаъолияти мақомоти доимоамалкунандаи СҲШ, оид ба таъмини тарҷумаи фаъолияти мақомоти доимоамалкунандаи СҲШ, оид ба ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи таъмини молиявӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои шахсони мансабдори мақомоти доимамалкунандаи СҲШ, оид ба таҳияи таҳрири нави Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ, оид ба омода намудани Барномаи рушди ҳамкории байниминтақавии давлатҳои аъзои СҲШ, оид ба Нақшаи тадбирҳои амалӣ («Харитаи роҳ») оид ба ҳамкории муассисаҳои илмию тадқиқотии аъзои СҲШ барои солҳои 2019-2020, оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, Баёнияи муштарак оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ аз ҷумлаи қарорҳои ба имзорасида мебошанд. Инчунин дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ Барномаи ҳамкории СҲШ оид ба бехатарии озуқаворӣ ва Ёддошти тафоҳум байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкории техникӣ дар соҳаи пешгирии муштарак ва назорати бемориҳои фаромарзии эпизотӣ ба имзо расонида шуданд. Зикр мегардад, ки самти ҳамкорӣ дар доираи ин ду санади соҳавии баимзорасидаи СҲШ ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон –таъмини амнияти озуқаворӣ ҳаммаъно мебошанд ва бинобар ин ба имзо расидани ин санадҳо зимни ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе аҳамияти муҳим дорад. Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои ҷаласаи имрӯза пурмуҳтаво арзёбӣ гардида, қарорҳои қабулгардида, санадҳои баимзорасида ва мувофиқаҳои бадастомада ба рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба дар доираи СҲШ такони нав мебахшанд. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед. Тарҷумаҳо:
Имзои 12 ҳуҷҷат аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарвазирони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе
Руcский
ИА "Азия Плюс"