Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Абдулло Абдулло: Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон барои Афғонистон созгор нест

Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро наметавон дар Афғонистон истифода кард, чунки толибон аз берун пуштибонӣ мешаванд, гуфт имрӯз дар суҳбат бо журналистон раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло. “Ҳар кадоме аз кишварҳо шароитҳои хоси худро дорад. Мутассифона, гурӯҳҳои террористӣ паноҳгоҳ доранд, аз хориҷи Афғонистон дастгирӣ ва таъмин мешаванд”, - қайд кард Абдулло Абдулло. Номбурда зикр кард, ки дар кори истиқрори сулҳу созиш дар Тоҷикистон Афғонистон, аз ҷумала президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ ва қаҳрамони халқӣ Аҳмадшоҳи Масъуд низ саҳми бузург доштанд. “Онҳо намехостанд, ки дар кишвари ҳамсоя ва дӯст даргириҳо ҳатто як рӯзи дигар ҳам идома ёбанд. Аз ин рӯ, он замон Афғонистон нақши миёнарав дошт. Агар дар Тоҷикистон ҷанг идома меёфт, ба мо ҳам таъсири манфиаш мерасид”, - гуфт Абдулло. Ӯ изҳори итминон кард, ки Тоҷикистон “ҳам мехоҳад ва кӯшиш мекунад, ки дар Афғонистон ҷанг хотима ёбад, лекин ба гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Афғонистон ҷанг мекунанд, фишор оварда наметавонад, чнуи онҳо дар Тоҷикистон қарор надоранд”. Ба гуфтаи Абдулло, ҳадафи терроритсон натанҳо Афғонистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ ҳаст. “Афғонистон ҷабрдида аз гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Мо аз кишварҳо даъват мекунем, ки сокинони Афғонистонро қурбонии терроризм эътироф намоянд”, - таъкид дошт Абдулло Абдулло. Қобили зикр аст, ки доктор Абдулло Абдулло ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе қарор дорад. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед. Тарҷумаҳо:
Абдулло Абдулло: Модели истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон барои Афғонистон созгор нест
Руcский
ИА "Азия Плюс"