Дар шаҳри Деҳлии Нав машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон доир гардиданд

Сиёсат 25-дек, 05:009 admin 29 0

19 декабри соли 2018 дар шаҳри Деҳлии Нав даври чоруми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Гитеш Шарма баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар доираи машваратҳо дар баробари муносибатҳои дуҷониба ҳамчунин табодули назар оид ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

 

Печать
Хабарҳои дигар дар ин мавзӯъ
Шарҳ додан

Тамоми хабарҳо

Ба хабарҳо ворид шавед

Суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед

Шабакаҳои иҷтимоӣ