Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Муаррифии лоиҳаи қатъномаи Бознигарии миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар СММ

Муаррифии лоиҳаи қатъномаи Бознигарии миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар СММ

Имрӯз зимни ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи ҳайати Тоҷикистон таҳти унвони «Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қатъномаи мазкур дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуда, он аз ҷониби Намояндаи доимии кишвар дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов аз номи 148 кишвари ҳаммуаллифи қатънома муаррифӣ гардид.

Яке аз ҳадафҳои муҳими қатъномаи мазкур баргузории Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (22-24 марти 2023, ш. Ню-Йорк) маҳсуб меёбад. Дар фарҷоми суханронии хеш М. Маҳмадаминов аз кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати пуштибонӣ аз лоиҳаи қатъномаи мазкур даъват ба амал овард.