Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Мулоқоти Маскав: Тоҷикистонро Саидзодаю "Толибон"-ро 5 ҳоҷию мавлавӣ намояндагӣ мекунанд

мамнӯи "Толибон" бо нашри як иттилоия эълон кардааст, ки ин ҳаракатро дар мулоқоти Маскав 5 нафар – Ҳоҷӣ Муҳаммад Аббос, Мавлавӣ Салом Ҳанафӣ, Шайх-ул-Ҳадис Мавлавӣ Шаҳобиддин Диловар, Мавлавӣ Зиё Раҳмон Маданӣ ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Соҳайл Шоҳин намояндагӣ хоҳанд кард.

Ин созмони мамнуъ, ки бо даъвати Русия дар ин мулоқот иштирок мекунад, таъкид намудааст, ки мавқеашро рӯшан мекунад ва умед дорад, ки роҳи сулҳомези ҳалли масоили Афғонистон пайдо хоҳад шуд. “Толибон” таъкид намудааст, ки дар ҳошияи ҳамоиш бо ҳайати Афғонистон гуфтушуниде дар назар нест.

Қаблан Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дода буд, ки баробари Тоҷикистон инчунин даъватнома ба Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон, Узбакистон, ИМА, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин фиристода шуд.

Манбаъ таъкид кард, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон тасмим гирифтааст, як ҳайатро аз Шӯрои олии сулҳи кишвар ба Маскав равон кунад. Машварати мазкур дар сатҳи муовинҳои вазирони умури хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ, мулоқотро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ифтитоҳ хоҳад кард.

Вазорати умури хориҷии Русия таъкид намудааст, ки ҳалли қазияи Афғонистон танҳо тариқи сиёсӣ бо ҷалби васеи кишварҳои ҳамсоя ва шарикони минтақавии ҷумҳурии исломӣ имконпазир аст.