Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Ҳабси 3 нафар ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии прекурсорҳо

Кормандони Шуъбаи ВКД-1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се нафарро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо боздошт намуданд. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Муҳаммадхон Муҳаммедов ва Комилҷон Халилов, ҳамчунин ронандаи кироякаш Илҳомиддин Хайриддинов дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳангоми кӯшиши фурӯши миқдори зиёди прекурсорҳо дар Душанбе боздошт шуданд. “Аз номбурдагон 10-адад зарфҳои полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маҳлули махсус ҷойгир буданд, дарёфт ва мусодира карда шуда, барои санҷиш ба ниҳоди дахлдор супорида шуданд”, - омадааст дар хабар. Гуфта мешавад, дар натиҷа мутобиқи маълумотномаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон муайян гардид, ки маводҳои мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, вазни холисаш 120 килограммро ташкил медиҳад. Зимнан зикр мегардад, ки ангидриди кислотаи атсетат ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо» дохил карда шуда, он барои омода намудани воситаҳои нашъадор истифода мешавад, ки муомилоти ғайриқонунии он ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад. “Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ҳамчунин муайян карда шуд, ки гумонбарон ин миқдор моддаҳои ба саломатӣ хавфнокро ба таври қочоқ аз шаҳрванди давлати хориҷӣ ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид намуда, бо фурӯши он мақсади ба даст овардани маблағи калони пулиро доштанд”, - қайд мешавад дар маълумот. Ба иттилои манбаъ, айни замон гумонбарон Муҳаммадхон Мухаммедов ва Комилҷон Халилов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 202 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот дар ин самт идома дорад. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
ИА "Азия Плюс"