Тоҷикӣ  | Русский 

  • 18:20 – Арзиши патент дар Маскав гарон мешавад 
  • 16:20 – Хонум Мэрилин бо пироҳани атлас ба мулоқоти Убайдуллоев рафт 
  • 16:00 – Дар Русия иҷозатномаи истиқомати бемуҳлат барқарор мешавад 
  • 15:10 – Барқарор шудани алоқаи Tcell ва ҷубронпулӣ ба муштариён 

БА ВАТАН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ХУД СОДИҚ МЕМОНЕМ! Аскароне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро ба анҷом расониданд, ба эҳтиёт рухсат дода шуданд


 150 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба итмом расидани муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт рухсат дода шуданд. Ба ин муносибат дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллӣ  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Сержантону сарбозонро сардори Сарситод — муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон, генерал-майори гвардия Ҷонибек Ализода табрик намуда, таъкид кард, ки ҳамеша барои давом додани хизмати содиқонаву софдилона ба манфиати халқу Ватан омода бошанд.

«Артиш ҳамеша ба сарбозону афсарони содиқу бошараф эҳтиёҷ дорад ва бо онҳо мефахрад. Хизмати Модар – Ватан яке аз меъёрҳои ҷавонмардӣ буда, дар ҳама давру замон қарзу вазифаи муқаддаси шаҳрванд ба ҳисоб мерафт»,-таъкид дошт Ҷонибек Ализода.


Дар ҷамъомад беҳтарин сарбозон аз қисму воҳидҳои Гарнизони Душанбе дар ҳузури ҳайати роҳбарӣ ва сарбозони навдаъват сухан карда, аз лаҳзаҳои хотирмон ва аҳамияти хизмати ҳарбӣ таассуроти худро баён карданд. Ҳамчунин ёдрас шуданд, ки то абад ба савганди ёдкардаашон содиқ мемонанд.

Сарбозоне, ки хизмати Модар – Ватанро бо нишондодҳои баланд ва интизоми намунавӣ ба итмом расондаанд, бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ифтихорнома, мактубҳои миннатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати фараҳбахшу хотирмони ҷамъомад маросими хайрбод буд, ки сарбозон бо яке аз муқаддастарин нишони хизмати ҳарбӣ – парчами ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша ҳамсафу фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд. Сипас суруди ифтихории Горди миллӣ садо дод.

Ҷамъомади тантанавӣ таҳти оҳангҳои мутантани ҳарбӣ ва гузашти низомӣ ба анҷом расид.