Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

«РОҒУН». Ба шарафи ба кор оғоз намудани агрегати аввали иншооти бузури аср


Имрӯзҳо шоирону нависандагон, адибону рӯзноманигорон ва намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун оид ба мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба АМИТ «Ховар» навиштаҳои худро дар шакли нома, шеър, манзума, қиссаву ривоят ва  назару мулоҳизоти инфиродии худ пешниҳод  менамоянд.

Яке онро объекти таърихӣ, дигаре иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ва сеюмӣ махзани нур номидаву дар бораи он дар қолаби жанрҳои гуногун мавод навиштаанд.   


Инак, шеъри тозаэҷоди шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  корманди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Нозир ЁДГОРИРО манзури хонандагон мегардонем.

Гашт имрӯз олам огоҳ,

Як сайёра одам огоҳ,

Дар масири кишвари мо

Кохи нуре гашт пайдо.

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нав бино шуд ин ҷо!

Дар мадори Тоҷикистон,

Ахтари нав партавафшон!

Ахтари нав — Кохи «Роғун»,

Ахтари нав — Кохи нур аст,

Нури рахшон,

Нури Раҳмон.

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!

Бо талоши Сарвари мо,

Ахтари нав гашт пайдо.

Ахтари нав кашфиёт аст,

Дар замин аз  коинот аст,

Ахтари нурофарин,

Нур пошад аз замин.

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!

Ахтари нав дар  замин аст,

Балки он рахшандафар,

Дар қатори офтоб,

Ҳаст офтоби дигар;

Офтоби  нури рахшон,

Офтоби нури Раҳмон,

Офтоби Тоҷикистон!

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!