Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Абубакр Исломзода дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «GeniusKids-2018» гардид


  Аз 2  то 5 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ— «GeniusKids-2018» баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар олимпиадаи мазкур 400 нафар хонанда аз 12 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 40 нафар хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар намояндагӣ карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба хонандагони тоҷик муяссар гардид, ки дар ин олимпиада 35 медал (8 медали тилло, 11 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ)-ро соҳиб шаванд. Аз байни 400 нафар иштирокчӣ Шоҳҷоизаи озмуни «GeniusKids-2018» насиби Абубакр Исломзода – хонандаи синфи 8 Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе гардид.

Бояд иброз дошт, ки аз аввали соли 2018 хонандагони кишвар дар 19 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғористон, Беларус, Ветнам, Италия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чехия, Словакия, Португалия, Япония ва Чин баргузор гардиданд, иштирок намуда, 248 медал (58 медали тилло, 86 медали нуқра ва 107 медали биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 медал (28 медали тилло, 43 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.