Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Шералӣ Раҳматуллоев: «Пешниҳод карда шуд, ки соли 2019 Соли бехатарии озуқа, ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим эълон карда шавад»


Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карда шуд, ки   соли  2019   Соли  бехатарии озуқа,   ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим  эълон карда шавад. Ин матлабро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба  Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев баён дошт.

Зикр шуд, ки  бехатарии озуқа ва ғизои солим самти  афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз масъалаҳои стратегии сеюм ба ҳисоб меравад.

«Мутаассифона,  дар Тоҷикистон  он ғизое, ки  мо истеъмол мекунем, сифатан мувофиқ нест, аз ин хотир    38 фоизи   занҳо бо вазни зиёд, 11 фоиз  занҳои лоғар,  18 фоиз кӯдакони қадпаст  ва  10 фоиз кӯдакони камвазн  ба қайд гирифта шудаанд.  Барои ҳалли ин мушкилӣ мо имрӯз тадбирҳои зиёд андешида истодаем»,- зикр кард Ш.Раҳматуллоев.


Зимни нишасти матбуотӣ баён дошта шуд, ки дар ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ» тадбиқ шуда истодааст. Дар доираи он  дар 52 мактаби таҷрибавӣ таъмир ва таҷҳизонидани ошхонаҳо ва омӯзонидани ошпазон доир гардида истодааст.  Стратегияи мазкур то соли 2027 амалӣ гардида, дар доираи он  зина ба зина  тамоми  мактабҳои ҷумҳурӣ  бо ғизои  солим таъмин карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки зимни Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар шаҳри Душанбе дастовардҳои  низоми тандурустӣ дар марҳилаи солҳои 2010-2018 ва  саҳми Шарикон оид ба рушд  дар амалисозии Стратегияи мазкур  дар соли 2018 баррасӣ гардид.