Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе зердасташро парронд

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 6 октябр дар ҷойи кориаш аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ зертобеаш тир холӣ мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Тирпарронида Рустам Саъдиев 34-сола ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад. Сардори шуъбаи кофтуков ҷиноятии фурудгоҳ боздошт шуда, ВКД тафтиши дохилӣ мегузаронад. Ҳамчунин прокуратура дар нақлиёт низ ба тафтиш машғул аст. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
ИА "Азия Плюс"