Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Ҷасади подполковники милитсия дар дарахти хонааш овезон дарёфт шуд

Зафар Сафаров, подполковники милиса ва муовини раиси Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус, худкушӣ кардааст. Ҷасади Сафаровро субҳи 28-уми сентябр дар шохи дарахти чормағзи хонааш дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш овезон пайдо намудаанд. Дар идораи ташхиси додгоҳии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Зафар Сафаров худовезӣ кардааст, аммо то ба ҳол сабабҳои худкушии подполковник маълум нест. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад ва ба зудӣ сабабҳои худкуширо дақиқ мекунанд. Гуфта мешавад, Зафар Сафаров соҳиби ҳафт фарзанд буда, даҳ сол боз дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият доштааст. Ҳамсояҳояш гуфтаанд, ки ӯ сари чанд вақт ба хонааш дар ноҳияи Вахш меомад. Умед Сафаров, бародари Зафар Сафаров гуфтааст, чунин рафтори бародараш онҳоро дар ҳолати "шок" қарор дода, то ба ҳол ба ин суол, ки чаро худкушӣ кард, ҷавоб наёфтаанд. Муҳибулло Ҷӯрақулов, ҳамкори Зафар Сафаров низ дар ин робита изҳор намудааст, ки дар ӯ афсурдагиро надида буданд ва аз чизе ҳам шикоят надошт.
Тарҷумаҳо:
Ҷасади подполковники милитсия дар дарахти хонааш овезон дарёфт шуд
Руcский
ИА "Азия Плюс"