Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Ошӯби маҳбусон дар зиндони низомаш шадиди Хуҷанд

Дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд шаби 8 ноябр маҳбусон ба ошӯб даст зада, он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пахш карда шуд. Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон далели ошӯбро тасдиқ намуда, лекин аз пешниҳоди ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзиданд. “Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси корӣ сабабҳои сар задани ошӯбро таҳқиқ мекунад. Алҳол ҳеҷ ҷузъиёте маълум нест”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ин Сарраёсат. Исён дар муассисаи ислоҳии низомаш сангин, воқеъ дар қаламрави микрорайони 16 шаҳри Хуҷанд рух дод. Шумори кушта ё захмишудагон дар он алҳол номаълум аст. Ҳамчунин маълум нест, ки ба чанде фирор кардан муяссар шудааст ё не. Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ хабар медиҳад, бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳаст, аммо теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест. Нерӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва ошӯбгаронро пахш карданд. Ба қавли шоҳидон, дар ҳамаи роҳҳои шаҳр ба самти кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон посгоҳҳои тақвиятёфтаи кормнадони сохторҳои қудратӣ гузошта шудаанд. Ёдрас мекунем, ки ду сол пеш - 24 ноябри соли 2016 сокини 26-солаи Исфара Амонуллохон Носирӣ аз зиндони низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор намуд. Баъди ду рӯз ӯ дар қаламрави зодгоҳаш - шаҳри Исфара боздошт шуда буд. Қаблан шаби 17 июни соли 2016 маҳбусон Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов низ ҷиҳати фирор аз ҳамин зиндони кӯшиш карда буданд. Онҳо бо корд сардори шуъбаи назорат ва тарбияи зиндон Ёрмамад Алимамадовро захмӣ карда буданд, ки дар роҳ ба бемористон ҳалок шуда буд. Он замон зикр гардида буд, ки маҳбусони зикршуда барои пайвастан ба сафҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз зиндони гурехтанӣ будаанд. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
ИА "Азия Плюс"