Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Зуҳуров ба вазир: мо маълумотро аз планшет мегирем, аммо китоб беҳтар

аи навини тоҷикон китобу китобхонӣ мавқеашро гум накардааст

“Дар яке ноҳияҳои калон ахиран будам, ки ҳамагӣ 3 китобхона дорад. Яке дар маркази ноҳия дуи дигар китобхонаҳои назди мактабҳо буданд. Дар ҳоле ки ин ноҳия бештар аз 10-11 ҷамоат дорад”, - изҳор дошт Зуҳуров.

Ӯ дар хитоб ба вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид намуд, ки мо тамоми маълумотро аз планшет мегирем, вале китоб беҳтару муҳим аст.

“Чунки тавассути интернет таблиғи гуногун мешавад. Китоб ин гуна хусусиятро надорад”, - тавзеҳ дод раиси Маҷлиси намояндагон.

Ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз баргузор гардид, ки зимни он лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла тағйирот ба қонун "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" қабул гардид.