Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Вазири фарҳанг ба дидорбинии Ҳошим Гадо рафт

тима, Азаматова Сталина, Абдураззоқов Ҳабибулло , Сафаралиева Гуландом , Сабзалиев Бахталӣ, Аҳмадова Барно, Раҳмонқулов Алиризо , Яҳёев Қудратулло", - менависад вазорат.

Ба номбурдагон инчунин ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик аз ҷониби вазорат кӯмаки яккаратаи моддӣ низ расонида шуд, афзудааст дафтари матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон бо изҳори нигаронӣ хабар доданд, ки ҳунарманди номии тоҷик Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе ба фурӯши китобҳои худ машғул аст.

Бархе аз корбарон менавиштанд, ки "китобфурӯшӣ ор нест ва ҳунарманд ба меҳнати ҳалол машғул аст", аммо бархе аз онҳо мегуфтанд, ки ҳунарманди номие чун Ҳошим Гадо, ки акнун ба китобнависӣ машғул аст, нобояд маҳсули корашро дар кӯчаҳо фурӯшад ва ӯро дастгирӣ бояд кард.

Баъд аз интишори хабари "Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе китобфурӯшӣ мекунад" фаъолони ҷамъиятии Душанбе ба дидорбинии ҳунарманд рафта, ҳатто чун нишони дастгирӣ китобҳои ҳунармандро харидорӣ намуданд.

Ҳамчунин бо ибтикори фаъолони ҷамъиятӣ мулоқоти сокинон ба Ҳошим Гадо низ баргузор гардид, ки дар он китобҳои ҳунарманд ва аксҳои ӯ ба намоиш гузошта шуда буд.

Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аст. Ӯ ҳамчун Сӯҳроби синомаи тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур аст.

Ёдрас мешавем, соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳошим Гадо дар рӯзи зодрӯзаш унвони фахрии "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"-ро тақдим карда буд.

Ҳошим Гадо дар посух гуфта буд, "раисҷумҳур маро дубора эҳё кард".

"Ман дар тӯли 55 сол, чӣ дар театр ва чӣ дар кино, бештар нақшҳоеро иҷро кардаам, ки дар он маро мекушанд. Имрӯз дар ҳаёти ман рӯзест, ки Ҷаноби олӣ маро аз нав эҳё кард, маро зинда кард", — изҳор дошта буд ӯ.


0 0