Ҷамъбасти соли дар ҷабҳаи ишқу ошиқӣ дар соли 2018.

ТОҶИКИСТОН / Ҷомеа 01-янв, 09:359 admin 60 0
Соли 2018 дар арсаи ишқу ошиқӣ барои ҷавонони тоҷик чӣ бурду бохт дошт? Ҷавобҳо бо ҳамин суол ба чанд ҷавон дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Дар солномаҳои Today.tj то имрӯз мо муҳимтарин таҳаввулоти соли 2018-ро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону ҷаҳон ба риштаи таҳлил кашидем. Аммо дар поёни сол мо дар пои ҷавоби ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоии сомона нишастем ва бо ин суол, ки соли 2018 аз нигоҳи ишқу ошиқӣ барои онҳо чӣ бурд ё бохт дошт? 

Маълум мешавад, бардошти ҷавонони тоҷик аз ошиқиҳояшон дар соли 2018 низ мисли бурдубохтҳои арсаҳои дигар яксон набудааст. Бархе мегӯянд, ҳанӯз барои ишқу ошиқӣ фурсат накардаанд, чунки, тавре яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, ӯ ҳанӯз таҳсил мекунад ва дар фикраш фақат хондану хондан ва хондан аст. 

Чанд нафари дигар аз он шикоят карданд, ки аз сӯи дӯстдоштаи худ “кидат” шудаанд. Нафаре аз он алам кард, ки духтари дӯстдоштааш дар ин сол нафақат ба дигаре шавҳар кард, балки алакай фарзанди аввалашро аз он шавҳар ба дунё овардаву ҳама орзуҳои ӯ ба хок яксон кардааст. 

Аммо як қисми дигар соли 2018-ро аз нигоҳи ошиқӣ барои худ як соли пурбарор тавсиф мекунанд. Яке гуфт, ки дар ин сол бо дӯстдоштааш дубора оштӣ кардааст ва ин ӯро ба ояндаи хубе умедвор мекунад. Дигарӣ гуфт, баъди “кидат” шудан аз сӯи дӯстдухтари қаблиаш имсол дӯстдоштаи наве пайдо кардааст, ки ҳанӯз ба вай вафодор аст.
Печать
Хабарҳои дигар дар ин мавзӯъ
Шарҳ додан
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тамоми хабарҳо

Ба хабарҳо ворид шавед

Суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед

Шабакаҳои иҷтимоӣ