Нақши диаспораҳои миллӣ дар мубориза бар зидди идеологияҳои террористӣ, ифротгароӣ ва муқовимати ғайриқонунии муҳоҷирон.

ТОҶИКИСТОН / Сиёсат / ОСИЁИ МАРКАЗӢ / Қазоқистон 27-дек, 17:029 admin 57 0

27.12.2018 Today - Дар шаҳри Алмаатаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар бинои меҳмонхонаи “Солюкс” бо ташаббуси Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаата, мизи мудаввар таҳти 

“Нақши диаспораҳои миллӣ дар мубориза бар зидди идеологияҳои террористӣ, ифротгароӣ ва муқовимати ғайриқонунии муҳоҷирон” баргузор гардид.


Дар чорабинии мазкур мақомотҳои давлатӣ, намояндаҳои намояндагии давлатҳои хориҷӣ дар Қазоқистон, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, консулҳои фахрӣ ва марказҳои фарҳангии назди Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, устодон ва донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар конфронс аз ҷониби Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатаи Ҷумҳурии Қазоқистон Баҳодур Назир даъват шуданд.


Инчунин дар чорабинӣ, мушовири намояндагии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаата, сардори намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаата Властимила Самег, муовини, сардори намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаата Абдураҳим Муҳитов, Консули Генералии Федерасияи Русия Бобров Евгений, Консули Генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Алмаата Аброр Фатхуллоев, имомхатиби масҷиди ба номи "Шейх Кунта кажи”-и шаҳри Остона Ҳоҷӣ Яҳё Исмоилов намояндаи сафорати Булғористон дар Қазоқистон Милан Миладинов ва як қатор намояндагони консулгарии давлатҳои Полша, Туркия, Ҷумҳурии халқии Хитой, Қирғизистон, Афғонистон, инчунин раиси ҳизби сиёсии “Нур Отан” Меруерт Муканова, намояндагони Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, раиси ташкилоти ҷумҳуриявии ҷавонон “Жарасим” - и назди Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон дар шаҳри Алмаата Рустам Кайриев, устодон ва коршиносони омӯзиши равандҳои муосир аз донишгоҳҳои бонуфузи Қазоқистон, раисон ва намояндагони марказҳои фарҳангӣ ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Алмаата, иштирок намуданд.

Дар нишасти умумӣ роҷеъ ба масоили ихтисос дода шуда иштирокдорон суханронӣ ва изҳори андеша намуданд.

Зимнан, Диловарова Лейла ҳамчун модератор чорабиниро оғоз намуда, сухани ифтитоҳиро консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаата Баҳодур Назир оғоз намуд. 


Зимни суханронӣ, консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назир иштирокдоронро шодбош гуфта, ҳамзамон оид ба хатарҳое, ки фазои муҳоҷирати меҳнатиро халалдор мекунад, суханронӣ намуд. Зикр намуд, ки равандҳои ғояҳои мазҳабӣ, ки ҳамчун асбоби таъсиргузори афкор истифода мешаванд, имрӯз наметавонад ҷомеъаи шаҳрвандиро бетараф гузорад. Таъсиргузории асосии созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ барои муҳоҷират ин равандҳои мазҳабӣ доштаи онҳо мебошад, ки фазои ороми муҳоҷиратро халалдор мекунад. Ва аз ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва аз воқеаҳои дар баҳманмоҳи хунин, ки дар Точикистон сар зада буданд, ёдовар шуда афзуд, ки дар баҳманмоҳи хунини Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шуданд ва вазъи гурезаҳои ҳамватанон беш аз як милион барои наҷоти ҷони худ аз Тоҷикистон ба кишвархои дигар, ҳар шахси солимфикру бовиҷдонро ба риққат оварда буд. Инчунин, иқтисороти иқтисодӣ наздики даҳ милиарди доллари ИМА расонда шуд. Зикр намуд, ки бо вуҷуди ба имзо расонидани созишномаи Истиқрори сулҳ, ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ хост дубора табадулоти давлатиро ба роҳ монад, вале ба ин ҳадафҳои нопок ноил нагардид ва бо қарори Судӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби террористӣ ва ифротгароӣ мамнӯъ эълон намуд. Вале, ҳоло бошад ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар бо наҳзатандешӣ фаъолияташро давом дода ҷавононро ба ин гуна ҳаракатҳои равандҳои мазҳабӣ дошта фирефта мекунад. Инчунин, аз ҷомеъаи байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки барои танзими паноҳгоҳи сиёсӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ватанӣ худ ҷиноят содир менамоянд, вале дар хориҷ аз кишвар бо истифода аз мавқеъи паноҳгоҳи сиёсӣ, худро муҷрим эълон намуда саркашӣ аз итоат ба қонун менамоянд, ба танзим дароварда шавад. Ба унвони мисол, аз Алим Шерзамонов ёдовар шуд, ки шаҳрванд бинобар барнагардонидани маблағи бонкӣ, имрӯз дар хориҷ аз кишвар барои соҳиб шудан ба паноҳгоҳи сиёсӣ, бо нахзатандешӣ ба ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ пайваста, худро мухолифи давлат эълон намудааст.

Сипас, сардори намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаата Властимила Самег суханронӣ намуда, ҷонибдорӣ аз ҳар гуна муқовимат бо ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ва мусоидат ба ҳамкорӣ, изҳори андеша намуд.

Инчунин дар чорабинии мазкур, Бобров Евгений консули генералии Федерасияи Русия зимни суханронӣ зикр намуд, ки имрӯз ҷаҳонӣ муосирро хатарҳое фаро гирифтааст, ки глобалӣ арзёбӣ мегарданд. Ва барои муқовимат ва пешгирӣ аз чунин созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама равобити мустаҳками диаспора бо мақомот ба роҳ монда шавад.

Фатҳуллоев Аброр, консули Генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зимни суханронӣ қайд намуд, Ҳукумати Ӯзбакистон дар баробари мубориза бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ва ифротгароӣ бетараф набуда, ҳамзамон барои мубориза ва мусоидат намудан кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Сипас, зимни суханронӣ Исмоилов Ҳоҷӣ Яҳё, иброз намуд, ки ҷаҳони муосир бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари кишварҳо муносибатҳои духӯраро ба миён овардааст, ки пайравон ва ҷавонони фирефтаи ин гуна гурӯҳҳо, огоҳ нестанд. Боиси нигронист, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурўҳҳои ифротии тахрибкор ҳамроҳ мешаванд. Ва ҳизбҳое, ки равандҳои мазҳабӣ доранд, фатвои онҳо асоси шаръӣ надошта, танҳо ихтилофотро ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла аз ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда иброз намуд, ки дар таърихи ҳазорсола, тоҷикро ҳамчун миллати соҳибирода ва қавӣ ба дини мубини ислом мешиносанд ва барои чунин миллат таъсиси ҳизби исломӣ аз мантиқ дур буда, имрӯз ихтилофотро миёни мардуми тоҷик ҷой намудааст.

Сипас, дар чорабинии мазкур, намояндагон аз Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, марказҳои фарҳангӣ ва донишҷӯён суханронӣ намуда иброз намуданд, ки равандҳои ғояҳои мазҳабӣ, ки ҳамчун асбоби таъсиргузори афкор истифода мешаванд, имрӯз наметавонад ҷомеъаи шаҳрвандиро бетараф гузорад ва фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар ҷаҳон, хатарҳоро ба вуҷуд меорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон аз намоиши аксӣ, ки аз талафотҳои ҷонии баҳманмоҳи хунин ва ҷиноят ва амалҳои вахшиёнаи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медод, дидан намуданд.

Қазоқистон, ш. Алмаата
 

Печать
Хабарҳои дигар дар ин мавзӯъ
Шарҳ додан
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тамоми хабарҳо

Ба хабарҳо ворид шавед

Суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед

Шабакаҳои иҷтимоӣ