Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Оё наҳзатиҳо мазахистанд?


Мазахистҳо нафароне ҳастанд, ки агар ба сари онҳо зулму ситам кунанд, азобу озорашон диҳанд ва ё дашному ҳақараташон кунад, онҳо аз ин гуна рафтор роҳат мекунанд.

Дируз вориди шабакаҳои иҷтимоӣ шудаму шоҳиди як манзараи аҷибе шудам. Дар навори видеоие дида мешавад, ки аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ кушиш мекунанд дар атрофи намояндагони расмии Ҳукумати ҶТ, ки ба чорабинии САҲА (ОБСЕ) рафтаанд корҳои провокатсионӣ анҷом диҳанд. Онҳо мисли баъзе гадоҳои «хира», ки то як ду дирҳамашон надиҳӣ аз пешат дур намераванд, дар гирду атрофи ҳайати Ҳукуматӣ давр мезаданд. Баъзеашон аз дастони намояндагони ҳукуматӣ медоштанду баъзеи дигарашон аз ҳар тараф луқмапартоӣ мекарданд. Баъдан як нафари он, ки дар хабарҳои дар «Ахборком» нашршуда аз ӯ Сулаймони Орзу ном бурда мешавад, дараҷаи баланди густохӣ нишон дода дасташро дароз намуда, мехоҳад аз галстуки намояндаи ҳукуматӣ доштаву акс гирад. Дар ин замон ин намояндаи ҳукуматӣ дигар ба ин гуна бадрафтории ин ҷавон тоқат накарда ба руи ӯ як чаппотӣ мезанад.

Ана акнун қиёмат. Наҳзатиён дар тамои дунё нолаву фиғонро бардоштанд, ки бубинед чи гуна онҳоро озору азият медиҳанд. Ҳол он ки чунин густохиро нисбати дилхоҳ нафар чӣ дар Аврупо бошад чӣ Амрико ва ё Африқост ё Осиё, нисбати дилхоҳ нафар агар раво бинӣ ҳатман як торсакие ба руӣ худ қабул мекунӣ. Лекин барои наҳзатиҳо ин муҳим нест. Барои онҳо муҳим он аст, ки бо кадом роҳе набошад, бояд худро мазлуму бечора ва таҳқиршудаву озордида эҳсос намоянд ва аз ин ҳолаташон роҳат баранд. Воқеан ҳам ин як торсакие буд, ки ба рӯӣ Сулаймони Орзу зада шуд, лекин аз он тамоми наҳзатиҳо лаззат бурданд. Ин аст табиати мазахистҳо.


comments powered by HyperComments