Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Голи Гулсунбӣ ва шикасти тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаи Филиппин

Sputnik StringerПирӯзии бонувони тоҷик дар бозии футбол бо дастаи Бутан

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи бонувони Чин бар тими Муғилистон пирӯз гашта, ҳамин тавр баъди натиҷагирии се давр, дар ҷадвали гурӯҳи “А” Чин ва Филиппин бо 6-холӣ болонишинанд. Тоҷикистон бо 3 хол дар мавқеи сеюм, Муғулистон ва Сингапур бо якхолӣ дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор доранд.

Дар даври чорум 11 ноябр Филиппин бо Муғулистон, Сингапур бо Тайпейи Чин вомехуранд.

Бонувони Тоҷикистон дар давраи ниҳоӣ бо дастаи Сингапур мусобиқа хоҳанд кард. Бозӣ 13 ноябр дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси натиҷаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо (10 даста) ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 1-9 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.