Тоҷикӣ  | Русский 

  • 18:20 – Арзиши патент дар Маскав гарон мешавад 
  • 16:20 – Хонум Мэрилин бо пироҳани атлас ба мулоқоти Убайдуллоев рафт 
  • 16:00 – Дар Русия иҷозатномаи истиқомати бемуҳлат барқарор мешавад 
  • 15:10 – Барқарор шудани алоқаи Tcell ва ҷубронпулӣ ба муштариён 

ТАКСИИ ДУШАНБЕ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД? Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни кушод эълон намуд


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 10 ноябри соли 2018 то 10 декабри соли 2018  байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ озмуни кушод  эълон намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  хабар  доданд, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур  ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.

Тибқи қарори мазкур, Комиссияи озмун  ва тартиби баргузории он  тасдиқ  гардида,  ғолиби озмун  бо   маблағи 5 000  (панҷ ҳазор) сомонӣ  мукофотонида мешавад.