Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Намояндаи САҲА ба озодии Мирсаидов даъват кард

Намояндаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Арлем Дезир дар робита ба ҷазои сангин нисбати рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуд. «Ман аз ҳукми сангин ва номутаносиб нисбати журналист, бахусус бо назардошти он маблағ - 124 ҳазор сомонӣ (наздики 11,521 евро), ки ба азхудкунии он ӯ айбдор мешавад, хеле дар ташвишам», - оварда мешавад гуфтаҳои Дезир дар сомонаи расмии САҲА. «Ҳукуматдоронро ба озодии фаврии Хайрулло Мирсаидов ва таъмини озодии журналистон дар Тоҷикистон, ҳуқуқи хабар додан ва навиштан аз рӯи ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа бидуни ҳарос аз муҷозот даъват мекунам», - гуфтааст Дезир. Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО қаблан низ доир ба қазияи Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуда буд. Дар нома ба унвони ҳукуматдорони Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва изҳороти умум дар моҳи апрели соли 2018 ӯ зикр карда буд, ки боздошти журналист натиҷаи фаъолияти касбии ӯ мебошад. Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов ҳукмро «ҷазои ниҳоят сангин» дониста, ният доранд, ки аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят баранд. Дар ҳамин ҳол, адвокат Дилафрӯз Самадова қайд кард, ки суд гуноҳи Мирсаидовро дар ҳеҷ кадоме аз айбномаҳои пешниҳодшуда исбот накард. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
ИА "Азия Плюс"