Тоҷикӣ  | Русский 

  • 19:31 – Ҷанҷоли падари Ҳувайдо бо Сёмин дар мурофиаи додгоҳ: аҳволат бадтар мешавад 
  • 15:21 – Ҳамаи бозиҳои футболбозони ҷавони тоҷик дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 

Сафорати ИМА: ҳамлагарон ба ҳеҷ ваҷҳ муаррифгари мардуми меҳмоннавози тоҷик нестанд

- Сафорати ИМА дар мавриди масъалаи таҳқиқи ҳодиса дар Данғара бо ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунад, - хабар дод ба «Азия-Плюс» афсар оид ба иттилооти сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷефф Риденор. Ба гуфтаи ӯ, сафорат бераҳмии ҳамлагаронро маҳкум мекунад. «Ба оилаҳои фавтидагон ҳамдардӣ изҳор мекунем. Ҳарчанд тафтишот ҳоло давом дорад, далелҳое ҳастанд, ки ин ҳамла барқасдона (пеш тарҳрезишуда) сурат гирифтааст. Мо бераҳмии ҳамлагаронро маҳкум намуда, дарк мекунем, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ муаррифгари мардуми меҳрубону меҳмоннавзи тоҷик нестанд», - иброз дошт ӯ. Дар сафорат ҳамчунин қайд карданд, ки аз ифшои ному насаб ва нашри аксҳои шаҳрвандони фавтида худдорӣ мекунанд. Ёдрас мекунем, ки бар асари бо автомашина пахш шудани як гурӯҳи сайёҳон дар роҳи ноҳияи Данғара 4 нафар ҳалок шуданд, ки ду тан аз онҳо шаҳрвандони ИМА мебошанд. Дар ҳамин ҳол, ВКД Тоҷикистон аксҳои гумонбаронро дар содир намудани ин ҷиноят, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, нашр намуд.
1/3
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед. Тарҷумаҳо:
Сафорати ИМА: ҳамлагарон ба ҳеҷ ваҷҳ муаррифгари мардуми меҳмоннавози тоҷик нестанд
Руcский
ИА "Азия Плюс"