Абдуқодир Талбаков "МУРДА ВА ТУТХӮРӢ" дар бораи суистифодабарии Кабириҳо аз марги Файзинисо Воҳидова

АҚИДА 11-янв, 13:129 admin 363 0
Дар байни мардуми кишварамон ба мазмуни "мурдаро монда тутхӯрӣ кардан" мақолест маъмул. 
Ростӣ, ин матлабро мехостам ҳамон рӯзе нависам, ки муаллимаи азиз, ҳуқуқшиноси варзидаи кишварамон Файзиниссо Воҳидова (равонаш шод бод) ҷон ба ҷаҳонофарин супурда буданду наҳзатиёну ифротиёну мухолифону бадхоҳони раҳбарияти кишвар беасос аз марги ин зани фозила ҳангома(сенсатсия) мекарданд. Аз рӯи фаросат нахостам мотамро дар фазои маҷозӣ ба майдони баҳс табдил диҳам, вале дидам, ки мухолифини давлат ноинсофонаву бевиҷдонона рӯзи мурда "тутхӯрӣ" карданду аз "пайти муносиб" на танҳо истифода, балки суиисифода карданд, тасмим гирифтам, ки изҳори назар намоям. Акнун, ки шарти адаб риоят шуд, натавонистам хомӯш монам.

Мавриди таъкид аст, ки муаллимаи равоншод ҳамчун як зиёии равшанфикру инсони вораста аз камбудиҳо интиқод мекарданд, имкони фаълолияту ибрози андеша доштанд, муҳтарам буданду дар тамоми манотиқи кишвар озодона гаштугузор доштанд, агар аз зуҳуроту рӯйдоду тасмиму қарору фармоне норозӣ буданд, дар расонаҳо нотарсона ва беибо арзи дил менамуданд, монанди "доиразанон"- и рӯзи фавташон чун Муҳаммадиқболу Темури Варқию Амруллоҳу ҳатто Саидюнуси Истаравшанӣ ва муридонашон нисбати мухотаб ё рақибашон таҳқиру туҳмату тавҳинро раво намедиданд. Бехудоии Абдусалом Одиназодаро бубинед, ки 7 - 8 ҳазор км дуртар маитро ташхис кардаву омилҳои марги Файзиниссо-апаро "дақиқ" расонаӣ кард.Олими ҳақиқӣ то набзи беморро насанҷаду бо ҳамкасбон "консилиум" накунад ҳаққи "вердикт" баровардан надорад. Инро ҳатто оддитарин ҳамшираи тиббӣ медонад!!! Аҷабовару аламовараш дар он аст, ки ба ин "шарлатан" баъзе ҳамватанон бовар намудаву зери навиштааш "лайк" мегузоранд.  Баъдан, ин "муъминон" бояд ба ҳукми Худову қазову қадар тан медоданд, зеро мурдан ҳақ аст! Сониян, дардманд будану мубталои якчанд беморӣ буданашонро пайвандону наздиконашон тасдиқ мекунанд.
Гузашта аз ин, шодравон на роҳбари мухолифин буданду на даъвои ҳукумат доштанду на хатаре ба ҳукумату давлат... Биёед, хоҳ ҳукуматиему хоҳ мухолифин имону виҷдону инсофро аз даст надиҳем.

Саҳифаи фейсбукии Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР
Печать
Хабарҳои дигар дар ин мавзӯъ
Шарҳ додан
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тамоми хабарҳо

Ба хабарҳо ворид шавед

Суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед

Шабакаҳои иҷтимоӣ