Сериалхои хоричи сабаби зиёд шудани "Талоқ" шудааст

АҚИДА 06-янв, 02:559 admin 650 0
Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки сатҳи талоқ дар кишвар соли гузашта тақрибан 19 дар сад боло рафт. Коршиносон афзоиши талоқро паёмади, аз ҷумла, афсурдагии наварӯсоне мехонанд, ки баъд аз тамошои сериёлҳои хориҷӣ барои худ «қасрҳои хаёлӣ» бунёд карда буданд. 

…Зиндагии осоиштаву ширин дар қасри боҳашамат, пироҳанҳои зебову рангоранг, мошини «шик», шавҳари қоматбаланду сарватманд… Муҳаррама Раҳимова, равоншиноси маркази «Гулрухсор» дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, дар аксар сериёлҳо, аз ҷумла, туркиву ҳиндӣ, ҳаётро маҳз ҳамин гуна зебову афсонавӣ тасвир мекунанд ва ҷавонон он қадар шефтаи ин гуна зиндагӣ мешаванд, ки воқеъияти баъди тӯй сахт афсурдаву навмедашон мекунад. Ӯ меафзояд, бештари духтарон бо гузашти айём тан ба тақдир медиҳанд, вале баъзеяшон роҳи наҷот аз ин ноумедиро дар талоқ ва ҳатто худкӯшӣ мебинанд – ба гуфтаи мусоҳиби мо, соли гузашта як арӯси ҷавон, ки зимнан ҳунарманд ҳам буд, баъди дарҳам рехтани рӯъёҳояш худро ба рӯди Сир андохт. 

Муҳаррама Раҳимова бо такя ба иттилои расмӣ меафзояд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 7 ҳазор талоқ сабт шуд, ки назар ба як соли пеш 1100 талоқ ё тақрибан 19 дар сад зиёд аст. Мизони аз ҳама баланди талоқ дар навоҳии марказ (тақрибан 31 дар сад) ва дар вилояти Суғд (18,7 дар сад) будааст. Дар ҳамин ҳол дар Бадахшон дар нӯҳ моҳи соли гузашта ҳамагӣ 64 талоқ сабт шуд, ки пойинтарин дар кишвар аст. Сабабҳои аслии талоқ, ба гуфтаи Муҳаррама Раҳимова, хушунати хонаводагӣ, ба муҳоҷират рафтану хонаводаи дигар ташкил кардани шавҳар, издивоҷи барвақт ва издивоҷи маҷбурӣ боқӣ мемонанд. Аммо солҳои ахир талоқ бар асари навмедӣ аз барбод рафтани рӯъёҳо низ фаровон сурат мегирад. 

Марям Давлатова, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бештари духтарон баъд аз тамошои сериёлҳои хориҷӣ пойбанди орзуи зиндагии афсонавӣ мешаванд ва “вақте ба хонаи шавҳар мераванд, ҳамин гуна зиндагиро умедвор мешаванд, яъне мехоҳанд, ки қасри зебо бошад, либосҳои зебо бошад, мошинҳои қатор бошад”. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, хатари бештар дар сериёлҳои амрикову ғарбӣ ниҳон аст, зеро “ҳоло духтарону наврасони тоҷик ҳамон озодиву зиндагиеро талаб мекунанд, ки амрикоиҳо ва ғарбиҳо доранд. Ва вақте, ки волидайн ба ин мухолифат мекунанд, хонавода гирифтори бӯҳрони шадиди равонӣ мешавад”.  
Печать
Хабарҳои дигар дар ин мавзӯъ
Шарҳ додан
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тамоми хабарҳо

Ба хабарҳо ворид шавед

Суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед

Шабакаҳои иҷтимоӣ