Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шудани нерӯгоҳи Роғун

Сиёсатмадор пешниҳоди худро бо он асоснок мекунад, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи оғози корҳои барқароркунии сохтмони ин иншооти бузурги бахши гидроэнергеткикаи Тоҷикистон қарор дошт. Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод мекунад, ки ба нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад. Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатмадор изҳор намуд, ки аввали солҳои 2000-ум вақте Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барқарор кардани сохтмони нерӯгоҳи Роғун сухан мегуфт, кам касоне дар кишвар бовар доштанд, ки ин ташаббуси Сарвари давлат амалишаванда аст. “Умуман ин ҷо истифодаи ибораи “оғози сохтмон”бамаврид мебошад, чунки он қисмати нерӯгоҳ, ки замони шӯравӣ сохта шуда буд, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пурра вайрон шуда буд ва метавон гуфт, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншоот дубора қариб аз сифр оғоз ёфт”, - чунин мешуморад Усмонзода.
Саидҷаъфар УсмонзодаРадиои Озодӣ Раиси Ҳизби демократи ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки Сарвари давлат бо ин ташаббуси худ эътимоди аксари тоҷикистониёнро ба ояндаи нек мустаҳкам кард. Хотиррасон шуд, ки дар саргаҳи сохтмони нерӯгоҳи Норак роҳбари ҷумҳурӣ дар солҳои 50-ум Турсун Ӯлҷабоев қарор дошт ва бо фармони Президент 9 сентябри соли 1997 ба нерӯгоҳи Норак маҳз номи Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд. Қобили зикр аст, ки ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед. Тарҷумаҳо:
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шудани нерӯгоҳи Роғун
Руcский
ИА "Азия Плюс"