Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт

я матери первого президента Узбекистана" title="Уникальная фотография матери первого президента Узбекистана" class="">Хамиршӯриашро дӯст медоштам: ҷузъиёти муносибати Ислом Каримов бо модараш

Гулгашти Ислом Каримов тирамоҳи соли 2016 баъди марги Каримов ифтитоҳ ёфта буд. Он вақт як гурӯҳи ҳайкалтарошони узбак ба Русия омада буданд ва моҳи декабри ҳамон сол Комиссияи санъатҳои манументалии Думаи шаҳри Маскав қарор қабул карда буд, ки муҷассамаи Каримов дар ин гулгашт пойбарҷо карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2017 духтари хурдии Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева гузориш дода буд, ки лоиҳаи ободсозии гулгашт ва нақшаи сохтори муҷассамаи падарашро, ки бо иштироки ҳайкалтароши бритониёӣ Пола Дэя коркард шудааст, ба мақомоти Маскав супурдааст.

Ислом Каримов 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашта буд ва ӯро дар зодгоҳаш дар шаҳри Самарқанд ба хок супурданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 18-19 октябр бо сафари расмӣ ба Узбакистон сафар мекунад. Интизор меравад, дар натиҷаи ин сафар роҳбарони Русиву Узбакистон мулоқот анҷом дода, чанд санад ба имзо расад.