Тоҷикӣ  | Русский 

  • 18:20 – Арзиши патент дар Маскав гарон мешавад 
  • 16:20 – Хонум Мэрилин бо пироҳани атлас ба мулоқоти Убайдуллоев рафт 
  • 16:00 – Дар Русия иҷозатномаи истиқомати бемуҳлат барқарор мешавад 
  • 15:10 – Барқарор шудани алоқаи Tcell ва ҷубронпулӣ ба муштариён 

Мирзиёев: собиқ прокурори генералӣ аз ҳар прокурори ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт

Прокурори генералии пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров дар бемористони низоми сахти Тошканд бистарӣ шуд. Ин иттилоъро яке аз наздикони Қодиров тасдиқ кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рашид Қодиров ду ҳафта пеш, баъди боло рафтани фишори хунаш, бистарӣ шудааст. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 май гуфтааст, ки дар 2-3 моҳи оянда собиқ прокурори пешин тариқи телевизион аз мардум узрхоҳӣ мекунад.
"Ҳоло прокурори генералӣ ҳамроҳ бо гуруҳаш дар зиндон аст. Миллионҳо долларашро таслим мекунад. Баъди 2-3 моҳ ман коре мекунам, ки вай тариқи телевизион дар бораи ҳама чиз нақл кунад. Зеро вай фасодкориро дар ҳама ҷо паҳн кард. Аз ҳар прокурори ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт. Вай дузди воқеӣ буд. Ба ҳамин хотир аз мақомоти прокуратура 70 дарсади кадрҳо ронда шуданд. Ман дар ин ниҳод одамони поквиҷдонро таъйин кардам. Агар касе хиёнат кунад, ҳамин сарнавишт ӯро интизор аст", - гуфтааст Мирзиёев.
Дар ҳамин ҳол, Рашид Қодиров розӣ шудааст, ки тариқи телевзион аз мардум ва президент узрхоҳӣ кунад. Прокурори пешини Ӯзбекистон 22 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Вай дар тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва фасодкорӣ айбдор мешавад. Қодиров соли 2000-ум прокурори генералӣ кулл таъйин шуд ва моҳи апрели соли 2015 барканор гардид. Алишер Қодиров, писари Рашид Қодировро бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карданд. Зидди падару писар то имрӯз дар ҳаҷми ним миллиард доллар шикоят ворид шудааст. Тарҷумаҳо:
Мирзиёев: собиқ прокурори генералӣ аз ҳар прокурори ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт
Руcский ИА "Азия Плюс"