Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Сабукдӯшии аъзои оилаи собиқ роҳбари Кумитаи андози Ӯзбекистон аз мансабҳо

Раиси Иттиҳодияи ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилояти Андиҷон Қодир Парпиев аз мансаб сабукдӯш гардид, хабар медиҳад Kun.uz. Тибқи маълумотҳо ӯ бародари хурдии собиқ роҳбари Кумитаи андози Ӯзбекистон Ботир Парпиев мебошад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон полковник Шуҳрат Парпиев шаби 27 май аз мақом барканор шуд. Гуфта мешавад, муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро полковник Анвар Парпиев низ ҳамон рӯз барканор гардид. Ҳамчунин Анвар ва Шуҳрат Парпиевҳо додарзодаҳои раиси пешини Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон Ботир Парпиев ҳастанд. Ботир Парвиев 11 майи соли ҷорӣ аз мақом барканор шуда буд. Ботир Парпиев қудои раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов аст. Парпиевҳо давоми солҳо дар мақомоти қудратии Ӯзбекистон мақомҳои баланд доштанд. Ботир Парвиев - яке аз таъсиргузортарин генералҳои овони президентии Ислом Каримов - 14 сол кумитаи андозро роҳбарӣ кардааст. Ҳоло хабар мерасад, ки ҷараёни "барӯйхатгирии дороиҳои Парпиевҳо" шурӯъ шудааст. Тарҷумаҳо:
Сабукдӯшии аъзои оилаи собиқ роҳбари Кумитаи андози Ӯзбекистон аз мансабҳо
Руcский ИА "Азия Плюс"