Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Вазири амнияти Туркманистон аз мансаб сабукдӯш шуд

Вазири амнияти Туркманистон Давронкелдӣ Байрамов 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар аз мақом барканор шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба гузориши телевизионҳои давлатии Туркманистон, Байрамовро барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми ифои вазифа" барканор карда, рутбаашро низ аз полковник ба майор поин бурдаанд. Гуфта мешавад, Яйлим Бердиев, ки то ин замон вазири дифои Туркманистон буд, вазири амнияти ин кишвар таъйин гашт. Ёдрас мешавад, ки Байрамов 30 май барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми интихоби кадрҳо" аз президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов танбеҳи сахт гирифта буд. Тарҷумаҳо:
Вазири амнияти Туркманистон аз мансаб сабукдӯш шуд
Руcский ИА "Азия Плюс"