Тоҷикӣ  | Русский 

  • 17:37 – Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон 
  • 15:21 – “Тоҷик Эйр” ҳавопаймоҳои худро ба фурӯш мегузорад 
  • 15:18 – Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод 
  • 15:17 – Дар арафаи сафари Путин ба Узбакистон: тандиси Ислом Каримов дар Маскав қомат афрохт 

Мошинҳои боркаши Тоҷикистон то ҳол дар марзи Туркманистон дар мондаанд

1.img.sputnik.tj/images/102563/85/1025638510.jpg" width="705" height="375" alt="Донишҷӯён, акс аз бойгонӣ" title="Донишҷӯён, акс аз бойгонӣ" class="">Ҳазорҳо донишҷӯёни туркман дар Тоҷикистон бепул монданд

Масъулони ширкатҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон мегӯянд, таваққуфи рӯзонаи ҳар ронандаи тоҷик дар марзи Туркманистон бобати ҳазинаи истгоҳ ва ғазо барои онон 30 доллар муҳосиба мешавад.

Ҳол онки тамдиди раводиди транзитӣ ва ҷаримаи молӣ барои интиқол надодани бамавқеи колоҳо барои ин ронандагон, ҳазинаҳои изофӣ дар пай дорад.

Мақомоти вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфтаанд, ки умедворанд, то аввали моҳи октябри имсол мушкили мошинҳои борбарии мутаваққиф шуда ин кишвар дар вурудиҳои Туркманистон ҳал шавад.

Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2017 дар сафари Қурбонқулиӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон, созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни ин ду кишварро имзо карданд.