Тоҷикӣ  | Русский 

  • 16:30 – Консерту оташбозӣ ба тантанаи ифтитоҳи "Роғун" дар Душанбе 
  • 15:00 – Намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Русия ба Роғун меоянд 
  • 15:00 – БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад 
  • 15:00 – Омодагии №1. Ҳозир дар нерӯгоҳи Роғун чӣ корҳо ҷараён доранд 

Синаро сипар карданд: чаро занон дар Осиёи Марказӣ бараҳнагиро нишони озодӣ медонанд?

шавӣ”, менависанд онҳо.

Тавре ба РИА Новости худи Зере гуфтааст, ӯ қасдан ин намоҳангро сохтааст. Яке аз далелҳои пайдо шудани намоҳанги мазкур ҷой доштани мушкилии духтаррабоӣ дар ҷомеаи Қирғизистон будааст. Бино бар иттилои СММ аз чор як зани қирғиз камаш як маротиба шиканҷа шудааст, аз панҷ як нафарро дуздидаанд. Дар ҷомеаи Қирғизистон ҳолатҳое мешаванд, ки духтаронро мардони тамоман бегона медузданд. Гоҳо арӯсрабоӣ барои ба ҷо овардани анъана баргузор мешавад, яъне бо розигии волидони арӯс, аммо дар бисёр маврид ҷабрдидаҳо лаб мегазанд. Панҷ сол пеш мақомоти қишвар барои духтардуздӣ ҷазои сангин пешбинӣ карда буд, аммо ин иқдоми ҳукумати кишвар роҳи духдардуздонро то ҳол гирифта натавонистааст.

Муҳаббати рабуда

Ба гуфтаи Зере, ӯро тақдири як духтари қирғиз бо номи Бурулой сахт нигарон кард. Духтар 19 сол доштааст ва дар коллеҷи тиббии Бишкек таҳсил мекардааст. Онҳо бо ҷавоне аҳду паймон карда, бо розигии волидон рӯзи тӯяшонро низ таъин карда буданд. Аммо ду моҳ пеш аз тӯй Бурулойро рабуданд. Марс Бодошев ном ҷавони 30-солае пештар низ кӯшиши дуздидани духтарро мекардааст, аммо волидонаш садди роҳи мард мешудаанд. Аммо волидон ин дафъа ба мошине, ки духтарро мебурданд, расида наметавонанд.

Пулис мошинро медорад ва онҳоро ба шӯъба мебарад. Бурулай дар ин вақт ба волидонаш занг зада, хабар медиҳад, ки аҳволаш хуб аст. Ҳамин вақт Марс ба қафаси сина ва шиками духтар корд мезанад. Ҷавон ҳатто дар бадани духтар "Н+Б=Х" менависад. Ба "Б" номи духтар ва ба "Н" номи дӯстдоштааст оғоз мешудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ


Синаро сипар карданд: чаро занон дар Осиёи Марказӣ бараҳнагиро нишони озодӣ медонанд?